- ҷеғ
- [جيغ]1. фарёд, садо (барои даъват, талаб) хондани касе пеши худ; ҷеғу дод фарёд, садобарорӣ, овозбарорӣ; ҷеғ задан а) фарёд кардан, даъват кардан пеши худ, хондан; б) номбар кардан, номашро гирифта даъват кардан, муроҷиат кардан; в) даъват кардан, барпо кардан; маҷлис ҷеғ задан; ба ёрӣ ҷеғ задан мадад хостан аз касе; ба меҳмонӣ ҷеғ задан ба меҳмонӣ даъват кардан; ба мусобиқа ҷеғ задан ба мусобиқа даъват кардан; гӯшҳоям ҷеғ зад гӯшҳоям ҷарангос зад2. овози хурӯс; фарёди хурӯс; ҷеғ задани хурӯс; хурӯс дар ҳама ҷо баробар ҷеғ мезанад (мақ.); шароити ҳама ҷо як хел аст
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.